ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милисаи ноҳияи Фирдавсӣ, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
“Номбурда, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавондухтари 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба қисмати поёни шикамаш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ҷавондухтар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Дар Истаравшан зани ҷавонеро ҳангоми киштукор ба қатл расониданд
Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид карданд, ки бисёре аз ҷиноятҳои куштор дар кишвар дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ ё таниш миёни афроди шинос сурат мегиранд.