Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ муайян кардааст, ки тибқи он арзиши 1000 рубл аз ҳадди 151 сомонӣ гузаштааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон, аз ҷумла 1 доллари ИМА  аз  9.4397  то 9.4400 сомониро ташкил медиҳад.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Манбаъ афзуд, ки арзиши миёнаи 1 евро ба 10.6867  то  10.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1487  то 0.1515 сомонӣ баробар шудааст.

Бонки миллӣ дар бозори расмии ғайринақдӣ арзиши 1 долларрро — 9.4397 сомонӣ, 1 евро – 10.6867 сомонӣ ва 1 рубли русиро  — 0.1487 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0