Осебдидагони шаҳри Конибодом ба Расулзода ва Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд?

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода посетил город Канибадам который пострадал от паводков
Премьер-министр Таджикистана  Кохир Расулзода посетил город Канибадам который пострадал от паводков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон пас аз сафари корӣ ба вилояти Хатлон ва боздид аз осебдидагони офатҳои табиӣ дар ин минтақа, ба шаҳри Конибодоми Суғд сафар карда, бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар намуда, бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, Қоҳир Расулзода сарвазири кишвар ва Раиси вилоят дар ин рӯз аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида боздид намуда, бо сокинон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода: ба оилаҳое, ки бар асари боришоти зиёд зарари ҷиддӣ диданд кумак намоед

Зимни суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки пас аз рух додани ҳодисаи табиӣ фавран ситоди корӣ ташкил карда шуда, зарардидагон бо се маҳал хуроки гарм ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.

Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинон аз лойу об сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва ихтиёрирон ҷалб гардида, дар муддати як ҳафта манзилҳои сокинон аз лойу об тоза карда шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, то имрӯз ба минтақаҳои осебдида хатти барқ кашида шуда, хонаҳои сокинон дубора бо рушноӣ таъмин гардиданд. Дар доираи корҳои бартарафсозӣ ҳамчунин роҳҳо, селроҳаҳо тоза карда шуда, 300 метр қубурҳои обгузар хобонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла Ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва кӯчаи Бобокалонови шаҳр сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид.

Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел дар маҷмуъ 95 хонаи сокинони минтақаҳои зикршуда зарар дидааст.

Тозасозии манзилҳои сокинон аз лойу об ба итмом расида, айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии манзилҳои зарардида ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0