“Кохи Наврӯз” ба феҳристи “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид шуд

© Sputnik / Амир ИсаевКомплекс "Кохи Навруз" ночью
Комплекс Кохи Навруз ночью - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Кохи Наврӯз”-и пойтахти Тоҷикистон яке аз 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Аз ҷониби котиботи СҲШ “Кохи Наврӯз”-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд, иитилоъ додааст агентии “Ховар”.

Кохи Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

Манбаъ афзудааст, ки 21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рузи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони “8 муъҷизаи СҲШ”, ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ карда шуд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд “Кохи Наврӯз”-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Ҳозирин аз санъати наққошӣ, кандакорӣ, чубкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ аз наздик шинос шуданд.

Маҷмааи “Кохи Наврӯз” бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса  мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, кандакорӣ дар чуб, сангтарошӣ ва оиннабандӣ оро дода шудаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0