ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар даври шашум дастаи футболи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи “Алтин Асир”-ро қабул менамояд, хабар додааст “Ховар”.
Дастаи футболи “Хуҷанд” бошад, дар меҳмонӣ бо тими “Дордой” бозӣ хоҳад кард. Рӯзи 19 июн бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи “D” баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
“Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми дидор тавассути голи задаи капитани тими мизбон Ҷаҳонгир Эргашев кушода шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозингари тими Душанбе Ҷалил Кимсанов ҳисобро баробар кард. Турсуналӣ Рустамов қабл аз танаффуси дастаҳо ҳисобро ба фоидаи тими Хуҷанд афзуд – 2:1. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 64-ум боз ҳам ҳисобро баробар кард”, - гузориш дод манбаъ.
Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд
Кумита таъкид кард, ки голи пирӯзиро Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Кумита тавзеҳ дод, ки ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр “Олтин Асир” бо 9 хол дар ҷои аввали ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюм, “Дордой” бо 5 хол дар мақоми охир ҷойгиранд.