Раиси суд шарҳ дод, ки дар тӯйи тоҷикистониён чӣ мамнуъ мебошад

© Sputnik / Стас ЭтвешСвадьба в Таджикистане
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Вахш як сокини маҳаллӣ Меҳрубон Азизоваро барои вайрон кардани муқаррароти қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” айбдор дониста, ҷарима бастааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳасан Муъминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Вахш иттилоъ дод, ки Азизова дар он айбдор дониста шудааст, ки дар манзили истиқоматиаш ба муносибати хонадоршавии духтараш бо иштироки зиёда аз 60 нафар ҳамсинфону дугонаҳои ӯ маъракаи чойгаштак ташкил кардааст.

Пожилая мусульманка держит за руку своего мужа во время хаджа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ошиқи Муқаддас Набиева - Нурулло иқрор шуд, ки пас аз 20 сол ҳамсарашро дӯст дошт

Муъминзода бо нашри як матлаб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” инчунин шарҳ додааст, ки кадом маросим дар тӯйи тоҷикистониён мамнуъ мебошанд.

Ӯ бо такя ба банди дуюми моддаи 5-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид намудааст, ки ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон – роҳбандон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

"Зан тоҷик бошаду либос - миллӣ": тӯйи Қамаров бо чакан дар САҲШ-и Русия - акс

Меҳрубон Азизова, ки барои чойгаштак ҷаримабандӣ шудааст, изҳор доштааст, ки  ҳарчанд ӯ ғайриқонунӣ будани ин маъракаро медонист, аммо ба хотири наранҷидани духтараш онро баргузор кардааст.

Додгоҳ Азизова Меҳрубонро бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, нисбат ба ӯ ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0