ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Натиҷагирию баҳогузории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё зимни ҷаласаи ахири Ҳукумат сурат гирифт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз мақомдорони Душанбе, ронандаҳо ва сокинон бепоён миннатдор аст.
“Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос карда, миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон баён мекунам”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Расулзода макони ҷашни 28-солагии Истиқлолият бо ҳузури Президентро гуфт
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.
Дар ҳамин ҳол раёсати Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамоиши навбатии президентҳо бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе соли 2021 баргузор мешавад, Кумитаи тадорукотӣ ташкил намуда, Қоҳир Расулзодаро роҳбари он таъин кардааст.
Саммити МҲТБО дар Тоҷикистон, ки боиси қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон шудааст, бо иштироки ҳайатҳои ҳудуди 30 давлати дунё 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Барои ширкат дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узв — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ҷумҳурии Узбакистон, Шри-Ланка ҷамъ омаданд.