Ҳушдори сафорати ИМА дар Душанбе аз “виза”-фурӯшӣ: қаллобонро чигуна муайян мекунанд?

© SputnikЗдание посольства США в Душанбе, архивное фото
Здание посольства США в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз ҳолатҳои қаллобии марбут ба гирифтани раводид хабар додааст

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо такя ба муроҷиати бархе аз шаҳрвандоне, ки туъмаи фиребкорон шудаанд, иттилоъ додааст, ки қаллобон бо истифодаи номи ташкилотҳои мустақар дар ИМА аз намояндагони гуногуни ҷомеа ба ивази хадамоти марбут ба раводид 2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Имтиёз, раводид ва ханда: тасмими Тоҷикистон барои ҷалби гардишгарон бо усули нав

“Онҳо даъватнома барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ гирифта, аз онҳо дархост шудааст, барои хадамоти марбути раводид ду ҳазор доллар пардохт кунанд”, - омадаст дар иттилоия.

Сафорат таъкид кардааст, ки ҳеч паёмеро ба довталаби раводид аз суроғаи электронии Gmail равон намекунанд, чун суроғаҳои расмии Ҳукумати ИМА бо “.gov” анҷом меёбанд ва паёмҳо аз суроғаҳои дигар машкуканд.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҳеч гоҳ пардохти боҷи раводидро тариқи интиқол ё низоми Western Union дархост намекунад ва боҷ танҳо тариқи нақд дар рӯзи анҷоми суҳбат барои раводид пардохт мегардад.

Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -Навор

Манбаъ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар сурати дучор шудан ба фиребкориҳои марбут ба раводиди ИМА ё гирифтани паёмҳои машкук ба мақомоти дахлдори ин кишвар муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0