ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Эрон аз Амрико ба Созмони милал шикоят кард, гузориш медиҳад "Парс тудэй".
Ба иттилои манбаъ, Маҷиди Тахтравончӣ, намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон, эътирози Теҳронро нисбат ба ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико ба сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон расонидааст.
Тахтравончӣ дар ин нома ин иқдоми таҳрикомези Амрикоро нақзи фоҳиши қавонини байналмилал ва маншури Милали Муттаҳид унвон карда ва онро маҳкум кард.
"Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунболи ҷанг нест, аммо ҳаққи мусаллами худро барои иттихози ҳар гуна иқдоми лозим дар муқобили нақзи ҳарими сарзамини худ маҳфуз медорад ва мусаммам аст, қотеона аз марзҳои ҳавоӣ, обӣ ва хокии хеш дифоъ кунад", - таъкид кардааст намояндаи Амрико.
Чанде пеш, як фарванд ПАҲПОД-и ҷосусии "Global Hawk" -и Амрико дар Эрон ҳадафи оташи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.
Эрон ин қазияро таҷовуз ба ҳудуди Эрон номид.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб аз берун овардани бахшҳое аз ПАҲПОД-и мутаҷовиз ва сарнагуншудаи амрикоӣ аз обҳои сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.