ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия ҳудуди 20 тан муҳоҷири тоҷикистонӣ ва доғистонӣ даргири ҳам шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши Фонтанка, ин ҳодиса рӯзи 20 июн дар соҳили рӯдхонаи ноҳияи Виборгс рух дод. Пулис тавонист, ки аз хунрезӣ ҷилавгирӣ кунад.
Сабабҳои ин даргирӣ ҳанӯз дақиқ нест.
Ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуданд ва ба бемористон мунтақил гардиданд. Дигар муҳоҷирон мунткақили шӯъбаи пулис шуданд.
Пештар чанд шаҳрванди Қирғизистон дар назди метрои Маскав ҷанҷол намуда, якеро кушта буданд. Ду тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфта буданд.
Рафиқашонро куштанд: навори занозании муҳоҷирон дар назди метро дар Маскав - Видео
Гуфта мешуд, ҳодиса 5:30 субҳ рух дод ва ҷавонони қирғиз маст буданд.