Изҳори миннатдории нозири калони пулиси Англия ба Рамазон Раҳимзода

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ нозири калони пулиси Британияи Кабир дар мактубе вазири умури дохилаи Тоҷикистонро барои дастовардҳояш шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Собиқ нозири калони пулис, шаҳрванди Британияи Кабир дар мактубе ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ баён кард, гузориш медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ӯ дар мактубаш қайд кардааст, ки барояш Тоҷикистон кишвари ҷолибест. 

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳимзода барои шинондани дарахтони мевадиҳанда

"Ман торихи дуру дароз, фарҳанги бузург ва анъанаҳои шуморо эҳтиром мекунам", - изҳор доштааст Кенниз Ҷон.

Вай афзудааст, ки ба фаъолияти вазорати умури дохилӣ дар ин кишвар диққати махсус медиҳад.

"Шуморо барои дастовардҳоятон дар фаъолияти милитсия ва кори бузургатон ҳамчун вазири корҳои дохилӣ табрик мегӯям. 
Ман аз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Англия ифтихор дорам", - навиштааст собиқ корманди пулис.

Пештар, вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон бо муовини Котиби генералӣ оид ба сиёсати умумии амният ва мудофиа, эътино ба ҳолатҳои буҳронии хадамоти Урупоии робитаҳои беруна, ҷаноби Педро Серрано дидору мулоқот карда буд.

Раҳимзода саломи гарму самимии Раҳмонро ба Мирзиёев расонд

Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ  ҷаноби Педро Серраноро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминони комил изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза самарабахш буда, қадами устуворе дар ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.

Зикр гардид, ки Конвенсияи Урупоӣ оид ба пешгирии терроризм, ки соли 1977 дар Страсбург ба имзо расидааст, аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар доираи он ҳамаи масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур бо Иттиҳоди Урупо баррасӣ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0