ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ҷумҳурии Қазоқистон бори аввал ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Аврупо бензин содир мекунад. Дар ин бора вазири энергетикаи кишвар Канат Базумбаев хабар дод.
"Тамоми шароитҳо барои содироти бензин аз моҳи июнро фаро овардем. Умед дорам, ки ин раванд аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад", - гуфтааст ва дар нашасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вазир, Белорус ва Қирғизистон дар воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон изҳори омодагӣ карданд ва гуфтушунидҳо бо ин кишварҳо идома доранд.
"Гуфтушунидҳои дигар дар пешанд. Мо ба кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ворид нестанд, бензин содир хоҳем кард- ин асосан кишварҳои Осиёи Макразӣ мебошанд", - афзудааст вай.
Дар посух ба саволҳо мушаххас намудааст, ки кадом кишварҳои дар назар дорад - Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон.
Қазоқистон нақша дорад ҳар моҳ 60-70 тонн бензини навъи Аи-92 ва 10-15 тонн бензини навъи Аи-95-ро содир кунад.