Зане, ки дар назди Путин ба зону зад: президент гуфт, то ҳол шармаш меояд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание по подготовке "Прямой линии с Владимиром Путиным"
Президент РФ В. Путин провел совещание по подготовке Прямой линии с Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз раисҷумҳури Русия пурсиданд, ки оё ӯ ҳам аз чизе хиҷолат мекашад ё шарм мекунад. Раисҷумҳур қиссаеро аз ҳаёти шахсиаш гуфт ва иқрор шуд, ки бале

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз як воқеае дар зиндагиаш  ёд оварду гуфт, ки аз он то ҳол хиҷолат мекашаду шармаш меояд.

Трансляция прямой линии с президентом России Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин гуфт аз президентӣ хаста шудааст ё на

Дар сӯҳбати мустқим аз раисҷумҳур пурсиданд, ки оё президент ҳам хиҷолат мекашад. Президент посух дод, ки бале.

Путин нақл кард, ки рӯзе як зан ба наздаш омаду ба зону зад ва мактубчаеро ба дасташ дод.

Раисҷумҳур афзуд, ки он мактуби занро гирифту ба ёваронаш дод, аммо онҳо хатро гум карданд.

"Ман то ҳол хиҷолат мекашам", - иқрор шуд Путин.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия гуфт, ки кӯшиш мекунад ҳамаи дархостҳоеро, ки ба дасташ мерасанд, шахсан  баррасӣ кунад.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта раисҷумҳури Русия бо шаҳрвандони кишвараш гуфтугӯи мустақим дошт. Ӯ ба саволҳои сокинон посух гуфт ва ваъда дода, ки мушкилиҳоро баррасӣ мекунад.

Шӯхии Путин дар бораи бойҳо ва камбағалҳо

Ин бори 17-ум аст, ки президент бо шаҳрвандон мустақиман мулоқот мекунад.

Лентаи хабарҳо
0