ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи даҳшатбори кордкашӣ дар шаҳри Конибодом хабар медиҳад: як сокини шаҳр дар пайи ҷанҷол бо ҷиянаш ба ӯ 8 маротиба корд кашидааст.
Ҳодиса ними шаб рух додааст.
"Тахминан соатҳои 03:00, сокини 27-солаи шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада дар ҳавлии истиқоматиашон бо ҷиянаш, марди 25-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 4-маротиба ба гардан, 3-маротиба ба шона ва 1-маротиба ба дасти чапаш задааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати марди гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
ВУД: марди 30-сола ҳамсояро лутукуб карду корд зад, сипас ба милитсия таслим шуд
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ се рӯз пештар аз ин ҳодиса, ВУД хабар дода буд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ марде ҳамсояашро корд зад. Ин фоҷеа низ дар пайи ҷанҷоли ҳамсояҳо ба миён омада буд.
Гумонбаршаванда баъди ҳодиса ба идораи молиса ҳозир шуда, таслим гардидааст.
Тафтиши қазия идома дорад.