Ҳукми Достон Саидов барои дашном ва латукӯби ҳамхидмат

© Павел Львов / Гузариш ба медиабонкБерцы
Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Достони Саидовро дар латукӯби ҳамхидматаш гунаҳкор дониста, шартан ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намудааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомӣ, Достон Саидов моҳи марти соли 2018 аз ноҳияи Қубодиён хизмати ҳарбӣ ҷалб гардидааст.

Солдаты отрабатывают технику рукопашного боя, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Қассос” дар хизмати ҳарбӣ бо 1 соли зиндон анҷомид

Сарбози мазкур дар он гунаҳкор дониста шудааст, ки  16 апрели соли равон тахминан соати 19:40 дар дохили ҳоҷҷатхона бе ягон сабаб қаторӣ Туйчиевро мавриди таҳқиру дашном қарор дода, бо мушти дасти росташ ба қисмати ҷоғи чапи қаторӣ Туйчиев зарба задааст.

“Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ аз 24 апрели соли 2019 қаторӣ Туйчиев дар натиҷаи латукуб ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба монанди рахнашавии пардаи таблии гӯши чапро бардоштааст, ки ин ҷароҳат, ба зарари сабук ба саломатӣ мансуб мебошад”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Саидов Достон Абдухалимович, бо моддаи 373 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  гунаҳкор дониста,ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳи низомаш умумӣ  таъин кардааст.

Додраси парванда бар асоси моддаи 71-и КҶ қарор кардааст, ки ҷазои таъиншуда нисбати Саидов Достон Абдухалимович шартан татбиқ карда нашуда, ба ӯ 1 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар гардид.

Лентаи хабарҳо
0