ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқот 19 июн дар шаҳри Тошканди Узбакистон оғоз гардид.
“Шоҳмотбозон дар рӯзи аввал аз рӯи 6 категорияи синну сол дар равияи рапид бозӣ карданд. Шоҳмотбоздухтари тоҷик Рухшона Саидова миёни 15-солаҳо сазовори медали биринҷӣ шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар чемпионат аз Тоҷикистон 8 нафар - Назар Ғафуров дар гуруҳи то 7-солаҳо, Пайрав Қодирӣ - то 9-солаҳо, Сабрина Абророва, Ҷалолиддин Илҳомӣ - то 13-солаҳо, Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов - то 15-солаҳо, Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков - то 17-солаҳо иштирок доранд.
Манбаъ таъкид намуд, ки дар чемпионат 186 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок доранд. Бозиҳо дар равияҳои классикӣ ва блитс то 29 июн идома меёбанд, илова намуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.