Фаврӣ: раиси нави парлумони Гурҷистон интихоб шуд

© FB/ Арчил Талаквадзе Арчил Талаквадзе
Арчил Талаквадзе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Орзуи гурҷӣ" танҳо номзадии як нафарро дар симмати раиси парлумони Гурҷистон баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раиси нави парлумони Гурҷистон узви ҳизби ҳукмрон "Орзуи гурҷӣ-Гурҷистони демократӣ" Арчил Талаквадзе хоҳад шуд, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.

"Ман метавонам бигӯям, ки номзадии дигар кас дар ин симмат баррасӣ ҳам намешавад ва аксари вакилон номзадии Арчил Талакваздеро дастгирӣ хоҳанд кард",-гуфт раҳбари ҳизби "Грузинскойй мечты" Мамука Мдинарадзе.

Талаквадзе дар ин вазифа Иракли Кобахидзеро, ки имрӯз, 21 июн дар паи гирдиҳамоиҳо дар Тбилиси аз вазифааш истеъфо дод, иваз хоҳад кард.

Қарор дар бораи истеъфои Кобахидзеро дар нишасти ҳизби ҳукмрон қабул карданд.

Полиция применила спецсредства против митингующих в Тбилиси - Sputnik Тоҷикистон
Бесарусомониҳо дар Тбилиси: дар Гурҷистон чӣ шуд? - Видео

Бесарусомониҳо дар Тбилиси: дар Гурҷистон чӣ шуд? - Видео

Ёдовар мешавем, ки тазоҳуроту гирдиҳамоӣ дар Гурҷистон дар пайи сафари вакили Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов ба Тбилиси ба нишасти байнипарлумон ин икшвар, сар зад.

Мухолифин иддао доранд, ки давлат ватанро фурӯхтааст. Ба гуфтаи Ҳукумати кишвар ин "иштибоҳи протоколи"-и ташкилкунандагони нишаст дар Тбилиси буд.

Рӯзи гузашта дар хиёбони Руставелии Гурҷичстон ҳазорҳо нафар гирди ҳам омаданд. Полус пас аз чанд соати тазоҳурот ва талаботи риояи қонун зидди онҳо чора андешид.

Вазорати умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки аз амали радикалҳо, ки кори нишастро боздоштанд, нигаронанд. Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин амали роҳбарияти Груҷистон дар баргузории иҷлосия ба меъёрҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0