Баста шудани панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ дар Бохтар ва ҷазои мудир

CC0 / Pixabay / Стоматологический кабинет
Стоматологический кабинет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон дар панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ қоидаҳои санитарӣ риоя нашуда доруҳои пастсифат истифода мешудааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолияти панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ ба хотири риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва истифодаи маводҳои дорувории ба талабот ҷавобгунабуда муваққатан қатъ карда шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба иттилоъ дода шудааст.

“Дар рафти санҷиш  фаъолияти панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва таъмирталаб буданашон манъ карда шуда, ҳамчунин нисбати мудири як ҳуҷраи дандонпизишкӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд”,-омадааст дар хабарнома.

Рейды по парикмахерским в Хатлоне  - Sputnik Тоҷикистон
"Рейдҳо" дар кошонаи ҳусну сартарошхона ва утоқҳои дандонпизишк дар Хатлон

Тибқи иттилои манбаъ, зимни баргузории як санҷиши фаврии мутахассисон дар ҳуҷраҳои дандонпизишкии шаҳри Бохтар маълум гардид, ки дар баъзе аз ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ  қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя нагардида, ҳамчунин қисмате аз ин ҳуҷраҳо ба таъмир ниёз доранд.

"Рейдҳо" дар кошонаи ҳусну сартарошхона ва утоқҳои дандонпизишк дар Хатлон

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон моҳи сентбяри порсол дар вилояти Хатлон барои пурзӯр намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишк гурӯҳҳои корӣ таъсис дода буд.

Он замон аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буд фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгуй набуданашон қатъ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0