Аҳмадзода ба ваъдааш вафо кард: 500 каси дигар соҳиби замин шуданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳраки Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Рӯзи 19 - уми июни соли равон, дар шаҳраки навбунёди Сайҳун 512 нафар сокини эҳтиёҷманди 10 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Рустам Каримзода дар ин чорабинӣ ширкат карда, кулли эҳтиёҷмандони соҳиби қитъаи заминшударо ба ин рӯзи нек аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба 400 кас замин доду ба 400 нафари дигар ваъда кард

Мавсуф зикр дошт, ки ин тадбир бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилоят амалӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳраки Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

"Ин навбат 512 оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд",-омадааст дар хабарнома.

Моҳи май хабар дода шуд, ки Аҳмадзода ба 400 кас замин доду ба 400 нафари дигар ваъда кард.

Он замон Аҳмадзода гуфта буд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳраки Сайҳун боз барои беш аз 400 оила замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0