Хайрухуш бо мактаб дар Русия аз ҷониби хатмкунандагон ҳамасола ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад. Аксҳо аз шоми хайрбоди хатмкунандагони Русия бо мактаб дар соли равонро Sputnik Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Маросими хатми мактаб дар Русия аз қисмати расмӣ ва ҷашнӣ иборат буда, дар аввал ба хатмкунандагон шаҳодатномаи камолот дода мешавад ва сипас барномаҳои тафреҳӣ гузаронда мешаванд.
Шомҳои хатм дар Русия ҳанӯз аз замони Пётри 1 гузаронда мешаванд. Нахустин хатмкунандагоне, ки бо таври тантанавӣ анҷоми таҳсил дар мактабро таҷлил карданд, муҳассилини макотиби улуми математикӣ ва навигатсионӣ дар Маскав буданд.
Дар пайи инқилоби соли 1917 вазъ тағйир ёфт. Шомҳои хатм, ҳамчун маросими хоси буржуазӣ мамнуъ шуданд. Аммо дар миёнаи солҳои сиюми асри 20 шомҳои хатм дубора эҳё гардиданд.
Баъди пошхӯрии шӯравӣ таҷлили бодабдабаи хатми мактаб дигарбора дар Русия ба ҳукми анъана даромад.
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Русия соли равон макотиби кишварро 650 ҳазор нафар хатм мекунанд. Дар шаҳри Маскав маросими асосии хатм дар Парки Горкий баргузор мешаванд. Барои иштирок дар ин маросим 22 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуданд, ки нишондоди рекордӣ тайи 7 соли охир ба шумор меравад.









