Ғорати зан дар рӯзи равшан дар Душанбе: латтукӯб ва таҳдид ҳам карданд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина тянет за волосы женщину, архивное фото
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан ба милиса шикоят кардааст, ки ӯро ғорат карданд ва латтукӯбу таҳдид ҳам намуданд. Ба иттиҳоми даст доштан дар ин қазия марди 43-соле дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи ғорат ва латтукӯби зани ҷавоне дар рӯзи равшан дар макрази шаҳри Душанбе харбар медиҳад: занеро ҳам ғорат карданд ва латтукӯбу таҳдид намуданд.

Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 24-сола ба гумони дуздии ҷавоҳирот ва 500 сомонӣ баъди шикояти зани 45-сола

Бино бар иттилои манбаъ, ба мақомоти милиса зани мазкур-сокини 19-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе бо ариза муроҷиат кардааст.

 

Ба гуфтаи вай, 18 июн, тақрибан соатҳои 15:30 дар кӯчаи Заҳматобод шахси номаълум ӯро латтукӯб намуда, бо чӯбдаст таҳдид карда, телефонашро тасарруф кардааст.

Баъди ин мард аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Милисаҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ марди 43-солаи кӯчаи Заҳматободи ноҳяи мазкурро ба гумони даст доштан дар ин қазия дастгир кардаанд.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Пештар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 24-солае ба гумони дуздӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (собиқ Ҷилликӯл) хабар дода буд.

Моҳҳои апрели соли равон зани 45-солаи ноҳияи мазкур ба мақомоти милиса шикоят бурда будааст. Ба гуфтаи ин зан  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзилаш даромада дуздӣ намудаанд.

Ба иқрори вай, аз манзили зисташ  ҷавоҳироти тиллоӣ ва замчунин  500 сомонӣ маблағ рабуда шудааст. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят зани 24-солаи ҳамин ноҳия дастгир шуда, ҳамчунин тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0