Ҳашт истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Барселона рафтанд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМеждународная торговая ярмарка "Сугд-2018" в Худжанде
Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони корхонаҳои азими нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба шаҳри Барселонаи Испания барои боздид аз намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон – ITMA сафар карданд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳашт истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон – ITMA, ки имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Барселонаи Испания оғоз шуд, боздид хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ).

Бино бар иттилои манбаъ, “Ноҳид”, “Ресандаи Қурғонтеппа“, “Спитамен Тектайлз”, “Ваҳдат”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”, “Лиман”, “Meҳровар”, ва ҳамчунин, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон, ки то 26-уми июн идома меёбад, бо навгониҳои олами технологияи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ шинос мешаванд.

XIII Форум-выставка Госзаказ – за честные закупки - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳ дар Дубай ширкат кард

Манбаъ қайд намудааст, ки намояндагони ширкаҳоти консалтингии “ACT Development Group” ва “Business Consulting”, шарикони маҳаллии МТБ, дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ITMA, ки ҳар чаҳор сол як бор баргузор мегардад, майдони пешсафи ҷаҳонии омӯзиш ва тавлиди идеяҳои тоза, дарёфти роҳҳои ҳалли самараноки мушкилоти мавҷуда ва ҳамкориҳои муштарак барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Дар ITMA-2019 тақрибан 1600 ширкаткунанда аз 46 кишвар маҳсулоти худро дар масоҳати 220 000 метри мураббаъ ба 120 000 боздидкунанадагон аз 147 кишвари ҷаҳон намоиш медиҳанд. Ин чорабинӣ навтарин ва пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маъраз гузошта, барои шиносоӣ ва робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ ва коршиносони соҳа ва омӯзиши тамоюлот, равандҳо ва масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар семинару ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.

Ҳайъати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои навро барояшон боз мекунад.

“Мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳимме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад”, - гуфт Мирзоқодир Бақоев, мудири ширкати “Спитамен Текстайлз.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба Чин мебаранд

ITMA-2019 таҷҳизоти навтарини ҷаҳониро ба маърази бинандагон мегузорад ва самтҳои рушди технологияи ояндаро муаррифӣ менамояд. Дар ҷараёни намоишгоҳ, МТБ ҳамчунин нахустин бор табодули таҷриба миёни ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳавии ҳамаи шаш кишвари баҳрагирандаи Барномаи нассоҷияшро баргузор мекунад, ки ин кишварҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Осиёи Марказӣ ва чаҳор кишвари арабии Урдун, Миср, Тунис ва Марокаш мебошанд.

МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои шарики лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Лентаи хабарҳо
0