ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо фасод, Ачилдиев Турдимурод Чоршанбиевич аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Меликов Шаҳбоз моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 бо мақсади ба даст овардани фоида, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шахрванд “А” барои писараш шаҳрванд “Б”-ро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудан дар чанд ҳолат маблағ гирифтаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла муттаҳамон 5000 доллар ва 74 000 рубли русиро гирифта, маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсияшон сарф намудаанд.
Ожонс таъкид кардааст, ки бо ин кирдор муттаҳамон ба ҷабрдида зарари махсусан калони модӣ расонидааст.
Ба иттилои Ожонс, аз рӯи ин ҳолат алайҳи Ачилдиев ва Меликов бо банди “б” қисми 4 моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, бо фаъолшавии Маркази миллии тестӣ имкони тариқи фасодкорӣ дохил намудани довталабон ба донишгоҳҳо хеле кам гардида, масъулин аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ба ваъдаҳои қаллобон барои дохилкунӣ ба ивази пул бовар накунанд.