Ҳодисаи ғайричашмдошт дар тӯй: гулдастаи арӯсро гирифту аз тӯйхона фирор кард – Навор

Обуна шудан
Ин навор, ки дар он ҷавоне гулро гирифта мегурезад, то ба дасти дӯстдухтараш гулдастаи арӯс нарасад,  истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро аз як тараф ба ҳаяҷон, аз тарафи дигар зиёд ба ханда водор мекунад

Яке аз меҳмонони тӯй ин ҳодисаро хело моҳирона ба навор гирифтааст. Дар он ҳангоми ҳавола додани гулдаста аз ҷониби арӯс, марде бо як суръати тез ва хело баланд парида онро дар осмон медорад ва пасон мегурезад, то ки гул ба дӯстдухтараш, ки интизори қапидани он будааст нарасад.

Ҷаҳду талоши ин ҷавон тамошобинони ин наворро аз як тараф дар ҳайрат, аз тарафи дигар хело механдонад. Бисёре аз онҳо бар онанд, ки ҷавон аз зангирӣ метарсидааст ва ё аз зангирӣ мегурезад ва дигару дигар.

Дар навор дида мешавад, ки домодшавандаи оянда чӣ гуна худро ба осмон ҳавола дода гулдастаро медорад, то ки ба дӯстдухтараш, ки интизори дарёфт кардани он буд, нарасад ва баъдан бо гулдаста аз тӯйхона фирор мекунад.

Чунин ҳодисаҳо дар тӯйҳо кам нестанд. Масалан, ба наздики наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, ки марде дар Британияи Кабир баъди ба дӯстдухтараш расидани гулдастаи арӯс аз тӯйхона мегурезад.

Лентаи хабарҳо
0