Душанбе боз мизбони президентҳо: Ҳукумат барои омодагӣ Расулзодаро роҳбар монд

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2021дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳукумат барои омодагӣ ба ин иҷлосия Кумитаи тадорукотӣ таъсис додааст, ки роҳбарии онро нахуствазири Тоҷикистон ба дӯш дорад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Соли 2021 ба таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол пур мешавад. Мувофиқи муқаррароти созмон, дар ҳамин сол раёсат дар СҲШ аз Русия ба Тоҷикистон хоҳад гузашт. Ҳамин тавр, иҷлосияи ҷашнии созмон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

"Тоҷикистон раёсатро дар Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ва ҷаласаҳои намояндагони доимии СҲШ ба дӯш хоҳад гирифт", - гузориш медиҳад "Ховар".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон хост маблағгузории тарҳҳои муштараки СҲШ тезонида шавад

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба нишасти СҲШ дар соли 2021 таҳти роҳбарии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукотӣ ташкил кардааст.

Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ёдрас мешавем, имсол ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон баргузор гардид. Ҷаласаи СҲШ ҳар сол даъват шуда, соли оянда дар Маскав баргузор хоҳад шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад ва тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.

Посол Таджикистана Парвиз Давлатзода провел встречу с новоизбранным Генсеком ШОС  Владимиром Норовым в Китае  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Чин бо Котиби генералии навтаъйини СҲШ

Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид.

Мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар Душанбе баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0