ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷкистон ҳодисаи маргбор рӯзи 15 июни соли равон дар деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдат сурат гирифтааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, марди 48-солаи сокини деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдат аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 40-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо хишт 6 маротиба ба сару рӯяш задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Тавре ВУД зикр намудааст, номбурда, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.