Куштигирони тоҷик дар Қирғизистон ду медал гирифтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешБорьба гуштингири
Борьба гуштингири - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 13-14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 57-ум мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии озод миёни калонсолон ба хотираи Кабауулу Кожомкул баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.

Соревнования пловцов в бассейне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рекорди Фахриддин ва мақоми аввали Олим дар қаҳрамонии Хуҷанд

Манбаъ афзуд, ки дар мусобиқа 179 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Муғулистон, Руссия, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби куштии озоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз  ҷумҳурӣ ба мусобиқа 10 варзишгар сафарбар гардиданд ва ба гирифтани ду ҷои сеюм ва як ҷои панҷум мушарраф шуданд.

“Медалҳоро Муҳаммад Икромов дар вазни 57 кг ва Искандари Рустам дар вазни 125 кг ба гардан овехтанд. Фаридун Одилов дар вазни 92 кг ҷои панҷумро ишғол кард”, - изҳор дошт Олимов.

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, иштирок дар мусобиқаи мазкур барои варзишгарони Тоҷикистон, марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешвад ва инчунин марҳила барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0