Дар ВМКБ дар 14 рӯз 200 ҳазор бех бангдона мусодира шуд: "Кукнор -2019"

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 337 кило растаниҳои бангдона нобуд карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар доираи баргузории амалиёти "Кукнор -2019" аз тарафи РВКД дар ВМКБ бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти вилоят, фаъолияти кормандони мақомоти корхои дохилӣ дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Амалиёти Кукнор-2019 дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти “Кукнор-2019”: дар Бадахшон 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд

Ба гузориши ВУД, дар 14 рӯзи баргузории  амалиёти "Кукнор-2019"  аз тарафи кормандони РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят, 17 ҳолати дарёфт намудани растаниҳои нашъадори бангдонаи худрӯй ба миқдори 198 ҳазору 603 бех решакан ва мусодира карда шуданд. 

Бо супориши роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ, аз тарафи комиссияи доимоамалкунандаи раёсати вилоят бо роҳбарии муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Толеҳзода Аъзам растаниҳои нашъадори бангдонаи худрӯйи мусодира карда шуданд.

Дар Тоҷикистон аз се нафар 26 килограмм маводи мухаддир мусодира карданд

Дар  ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин намояндагони мақомоти Прокуратураи вилоят, Раёсати Агентии назорати маводҳои нашъаовари назди раисиҷумҳур дар ВМКБ, Раёсати КДАМ иштирок варзиданд.

Вазни умумии растаниҳои бангдонаро 336 кг 460 грамм гуфта дар ҳузури иштирокчиёни ин амалиёт ба коми оташ партофта, несту нобуд карданд.

Ожонсии назорати маводи нашъаовар давоми 20 сол 42 тонна маводи нашъадорро мусодира кард

Манбаъ афзуда, ки мувофиқи нақша-чорабинӣ амалиёти "Кукнор-2019", аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. 

ВУД аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пойдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0