ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ба Тоҷикистон 41 кишвари дунё дар ҳаҷми беш 21,6 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
“Ҳаҷми кумакҳои башардӯстона 6,6 тоннаро ташкил додааст”-гуфтааст Ожонсии омори Тоҷикистон.
Тавре манбаъ қайд намудааст, ба ҷумҳурӣ ҳамчун кумаки башардӯстона орд, равғани растани, доруворӣ ва ғайра ирсол карда шудааст.
Кишвари нисбатан бузургтарини кӯмакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст. Кӯмаки ироакардаи Русия ба Тоҷикистон 53,3 фисадро ташкил медиҳад.
Ожонс: Русия аз ҳама бештар ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона расондааст
Дар мақоми баъдии кишвари хайрирасон Швейтсария бо 13,1 дарсади карор дорад. Мақоми Чин дар раддабандии кишвархои ёрирасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон саввум буда ҳаҷми кумаки ироакардаи ин кишвар ба 8,2 дарсар баробар аст.
Ҷопон низ аз кишвархои имдодрасони Тоҷикистон ба шумор рафта, 3,4 фисади кумаки ин кишвар ҳисобида шудааст.