Се садамаи маргбори 15-16 июн: “Тико” бо 4 узви оилаи Буриевҳо ба ҷарии 300-метрӣ афтид

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз се садамаи маргбор хабар дод, ки рӯзҳои 15-16 июн дар роҳҳои кишвар рух додаанд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, аз ҷумла 16-уми июни соли 2019, тахминан соати 09:30 мошини “Тико”, ки ҳомили 4 узви як хонавода будааст, ба чуқурии 300-метрӣ афтидааст.

Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи "Ёрии таъҷилӣ" дар Хуҷанд: маҷрӯҳ шудани ду пизишк ва ҷароҳати вазнини бемор

“Ронандаи “Тико”, Буриев Аҳлиддин Ҳусейнович, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Турушбоғ ба самти деҳаи Истонӣ, дар ҳудуди поёни деҳаи Турушбоғ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии баландиаш 300 метр чаппа шудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур - Буриева Соатой Ҳусейновна, соли таваллудаш 1973, Буриева Фароғат Ҳусейновна, соли таваллудаш 1986, сокинони деҳаи Турушбоғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

“Ронандаи автомашинаи мазкур Буриев Аҳлиддин ва мусофири хурдсол Юсуфова Нозия, соли таваллудаш 2018, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - таъкид кардааст ВУД.

ДТП с автобусом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи мудҳиш дар Сочи 26 касро бистарӣ кард-видео

Садамаи дигари маргбор 16-уми июн тахминан соати 17:20 дар шаҳри Ҳисор рух додааст, ки қурбонии он низ кӯдаки 4-солае бо номи Умарҷон Буриев мебошад.

“Ронандаи автомашинаи “Тайота-Раф-4”, Аюбов Мирзошариф, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз маркази шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол Буриев Умарҷон Шералиевич, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Буриев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Садамаи дигари маргбор  15-уми июни соли 2019, тахминан соати 19:00 дар ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шудааст.

Похороны Бозора Собира - Sputnik Тоҷикистон
Иди сиёҳ: ҷасадҳои додарон - Муҳаммадҷон ва Мансурҷонро аз Маскав ба Ватан мефиристанд

“Ронандаи мотосикли дучархаи варзишӣ, Қурбонов Аҳмадҷон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Машъал, аз уҳдаи идораи мотосикл набаромада, ба тарафи чапи роҳ чаппа шудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, худи ронанда Қурбонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири мотосикл, Обидов Саид Амиралиевич, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Меҳробод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0