Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо мутахассисони бо таҷриба ниёз доранд

© Foto / Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ророҳбарияти минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара ва Суғд дар Форуму байналмилалии сармогузории “Кӯлоб” аз набудани мутахассисони ҳирфаӣ шикоят карданд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Роҳбарияти минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд ва Данғара ба вазорати маориф пешниҳод намуданд, ки дар соли хониши оянда, дар донишгоҳҳо дар факултаҳои иқтисод, андоз, гумрук ва махсусан ҳуқуқ курсҳои махсус ташкил кунанд.

Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

“Барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутахассис лозим аст. Агар дар доираи ҳамин форуми сармоягузорӣ ба вазорати маориф ҳамин масъала пешниҳод мешуд, бисёр нағз мешуд” – гуфт муовини аввали роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” Сафаралӣ Тайфуров.

Дар ҳамин ҳол, Олимзода Фирдавс, роҳбари маъмурияти МОИ Суғд низ пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуда, илова кард, ки баъзе аз мақомотҳои давлатие, ки бо МОИ ҳамкорӣ менамоянд, мафҳуми минтақаро дуруст дарк накардаанд.

“Дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ барои пешгирифтани нофаҳмӣ ва дахолати беасос ба нафъӣ фаъолияти маъмурият ва ҳам минтақа мебошад”- зикр кард вай.

Вай инчунин афзуд, дар бароибари ҷалби мутахассисони бо таҷриба ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ чанд масъалаи муҳимест, ки он ҳам боя ҳал шавад.

“Мутахассисоне, ки ба кор меоянду боз аз кор мераванд дуруст дарк карда наметавонанд, ки мафҳуми минтақа чист. Инчунин дар минтақаҳои озоди иқтисоди, бояд дарёфти маблағи зарури барои сохтмони инфросохтори замонавӣ ва пешниҳоди он ба сармоягузорон ва сохтмони ду се бинои истеҳсолӣ, ки ба соҳибкор ё сармоягузор иҷора дода мешавад ба роҳ монда шавад”, - афзуд Олимзода Фирдавс, роҳбари маъмурияти МОИ Суғд.

Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Ҳамчунин вай таъкид намуд, ки ҳамкории зич бо ВАО барои муаррифии васеи имкониятҳои минтақа зарур аст. Агар дар расонаҳои маълумот дар бораи минтақаҳои озод васеъ инъико карда нашавад, ҷалб кардани сармоя ба хусус сармояи хориҷӣ хуле душвор мегардад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран 14-15-ӯми июн дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорон “Кӯлоб” дастовардҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардид.

Дар форуми мазкур таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Суғд”, “Панҷ”, ва “Ишкошим” барои фаъолияти МОИ “Кӯлоб”, ки моҳи феврали соли равон ташкил карда шудааст, пешниҳод гардид.

Дар охири форум Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-и Тоҷикистон ва “Бонки сармоягузории муттаҳид”-и Афғонистон ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0