Мақомот ба сокинони Хуҷанд: партовро ба дасти фарзандонатон равон накунед

CC0 / Pxhere / Пластиковый пакет на улице
Пластиковый пакет на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯяд, на ҳамаи сокинони реҷаи партовбарориро риоя мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik.  Ба гузориши шаҳрдории Хуҷанд, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳр, ҳамарӯза аз субҳи барвақт дар 3 баст фаъолият дошта, баҳри фаврӣ гирифтани партовҳои баровардашуда ва тозаву обод нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои адбирҳо меандешанд.

Ҳамчунин то оғози кори шаҳрвандон ҳама ҷойро ободу муаттар мегардонанд. Дар ин росто аз ҳар сокини шаҳр, масъулини сохтору идораҳои дахлдор тақозо мегардад, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва гирду атрофи коргоҳҳои хеш таваҷҷуҳ намуда, дар маҷмӯъ ба ободонии шаҳр саҳмгузор бошанд.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Хоруғ тоза мешавад: БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард

Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама дар иҷрои ин амр фаъоланд,-навиштааст манбаъ.

"Яке аз муаммоҳое, ки вуҷуд дорад шаҳрвандон берун аз реҷа партовҳои хешро мебароранд ва ё худ ба ин амал ноболиғонро истифода менамоянд. Ба қадри меҳнати идораҳои марбутаи ободонии шаҳр намерасанд",-омадааст дар хабарнома.

Бояд қайд намуд, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон барои содир намудани чунин амал ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Манбаъ аз кишварҳои Урупо мисол оварда мегӯяд, дар Фаронсаю Олмон ва Сингапур барои дар кӯча партофтани пасмондаи як дона сигор аз шахси ин корро содиркарда 35 евро ҷарима меситонанд.

Барои партофтани партов то 100 евро шахсро ҷарима мебанданд. Дар сурати такрор шудани ин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷарима то 1000 евро боло меравад. Барои дар кӯчаҳои шаҳри Париж партофтани партов аз биноҳои истиқоматӣ аз 150 то 600 евро, анвои ғизоӣ 190 евро ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0