Робитаи зичтар: сӯҳбати Раҳмон бо президенти Бангладеш

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял президента Бангладеш Мухаммада Абдул Хамида
Эмомали Рахмон принял президента Бангладеш Мухаммада Абдул Хамида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолиро барои ҳар ду ҷониб судманд хонд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Сарвари давлат меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт, -афзудааст манбаъ.

Президенти Бангладешро Маҳмадсаид Убайдуллоев пешвоз гирифт

Ба гузориши котибот, Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ кард.

Президент Шри-Ланки Майтрипала Сирисена и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Даст ба даст: Раҳмон бо президенти Шри-Ланка мулоқот кард

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагии худро иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.

Муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва имзои Созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Лентаи хабарҳо
0