Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) – ин анҷумани байналмилалии муттаҳидкунандаи давлатҳои қитъаи Осиё аст, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳо барои таъмини амнияту субот дар Осиё мебошад.
Ба МҲТБО 27 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Миср ва ғ. Шомил мебошанд.
Аъзои олии МҲТБО ин Саммити роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад, ки дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол ин анҷуман дар Душанбе рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Мавзуи саммити Душанбе ин “Нигоҳи ягона ба амният ва рушд дар минтақа” мебошад.
Ғайр аз ҷаласаи расмӣ дар доираи саммит, инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи президентҳои кишварҳои аъзо дар назар аст.