Боздошти узви гурӯҳи мусаллаҳи "Шайх" баъди 21-соли ҷиноят дар Рашт

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин узви гурӯҳи силоҳбадаст ҳанӯз соли 1998 аз хоҷагии деҳқоние вагонеро тасарруф намуда, то имрӯз ба манфиати худ истифода бурдааст

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти як узви гурӯҳи силоҳбадасти Ёрибек Иброҳимов дар ноҳияи рашт хабар медиҳад.

Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон
Ғоратгарӣ бо бел: як гурӯҳи тоҷикон дар Русия аз 9 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, ки солҳои 1996-1997 аъзои гурӯҳи силоҳбадасти Иброҳимов Ёрибек, бо тахаллуси "Шайх" буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 

"Номбурда, моҳи апрели соли 1998 бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид аз хоҷагии деҳқонии "Шамар", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, 1 вагони ду ҳуҷрагиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ

Сабти 21,9 ҳазор ҷиноят: қонуншикании калонсолон каму аз ноболиғон зиёд шуд

Ба иттилои ВУД, феълан вагони мазкурро бародараш ба манфиати хоҷагиаш истифода мебурдааст. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил дода, далели шайъӣ гирифта шуд.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0