ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дирӯз дар Душанбе миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба ҳамкории муштарак дар соҳаи истеҳсоли филмҳо ба имзо расид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Зимни маросими баимзорасонӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд ва дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, ба имзо расидани созишномаи мазкурро яке аз ҷанбаҳои хуби ин муносибатҳо унвон карданд.
“Созишнома аз 17 модда иборат буда, тамоми ҷанбаҳои марбут ба филмбардориро фаро мегирад. Минбаъд синамогарони ҳарду кишвар метавонанд дар ҳамҷоягӣ филм истеҳсол намоянд”, — омадааст дар иттилоия.
Дар созишнома ҳамчунин дар мавриди ба намоиш гузоштани филмҳо, ҳамкории эҷодии синамогарони ҳарду давлат, ҳуқуқи муаллифӣ, даъвати ҳунармандон, ҷалби ҷониби сеюм барои таҳияи филм, иштироки филми муштарак дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ, даъвати мутахассисони ҳарду ҷониб, филми тавлидшуда бо зернависи тоҷикӣ – чинӣ ва ё яке аз забонҳои хориҷӣ гуфта шудааст.
Бояд зикр кард, ки созишнома миёни филмофарони тоҷику чинӣ дар чорчӯбаи қонунҳои ҳарду давлат ва риоя кардани тартибот, инчунин эҳтиром гузоштан ба фарҳангҳои ҳарду миллат амал менамояд.
Ҳамкории зичу муфид дар соҳаи кинематография миёни синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди синамои ҳарду давлат мусоид буда, мубодилаи фарҳангӣ ва иқтисодиро вусъат мебахшад.