ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ҷониби Узбакистонро дар ин мулоқот Элдор Орипов, директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди раисиҷумҳури Узбакистон намояндагӣ кард.
Диловар Қодирзода дар мулоқот таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон давлатҳои дӯсту ҳамсоя ва шарики муҳими стратегӣ ба ҳисоб мераванд.
Қодирзода ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишварро самараи сафарҳои давлатии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон хондааст.
“Имзои 56 созишнома ва қарордоди давлатӣ байни ду кишвар, махсусан, созишномаи ҳамкории стратегӣ, натиҷаи кӯшишу талошҳои сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Элдор Орипов изҳор доштааст, ки ҷониби Узбакистон хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанги байни ду кишвари ҳамсоя мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак ба нафъи ҳар ду тараф аст.
Тарафҳо тасмим гирифтаанд, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми имзошуда байни ҳар ду муассисаи муҳими давлатӣ ҳамкориҳои самарабахши илмиву тадқиқотӣ ба роҳ монда мешаванд.
Диловар Қодирзода зимни натиҷагирӣ аз мулоқот изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии халқҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз пеш густариш ва равнақ меёбанд.