Хонандагон ва донишҷӯёни Душанбе бо шарофати ташрифи президентҳо 3 рӯз истироҳат мекунанд

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе мактаббачагон ва донишҷӯён бо шарофати ташрифи роҳбарони кишварҳои гуногун 3 рӯз истироҳат мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бо сабаби баргузории Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад мактаббачагон ва донишҷӯёни пойтахт аз дарсҳо озод карда мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Министр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳангома насозед: посухи Вазорати маориф ба вокунишҳои тамдиди таҳсил дар мактабҳо

Сабаби қабул кардани чунин қарор дар он аст, ки тайи ин рӯзҳои хатсайрҳои Душанбе ммахкам карда мешаванд.

Ғайр аз баргузории дарсҳо дар ин рӯзҳо, ҳамчунин гузаронидани машваратҳо, ва дарсҳои иловагии барои рӯзҳои шанбе ва якшанбе пешбинӣ шуда қатъ карда шудаанд.

Аммо дар ин рӯзҳо кӯдакистонҳо мувофиқи муқараршуда фаъолият, мекунанд, чунки ба волидайни кӯдакон истироҳат пешбинӣ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири маорифи Тоҷикистон сабаби то 14 июн давом додани таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистонро чунин шарҳ дода буд. Гап дар сари он аст, ки вақти ҷудошуда барои хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон аз дигар кишварҳо фарқ мекунад.

Ин ба он вобаста аст, ки дар бисёр мактабҳои кишвар дар ду баст дарсҳо ба роҳ монда шудаанд ва аз ин сабаб зиёд мондани дарсҳо барои мактаббачагон имкон надорад, то ки онҳо ҳамаи барномаи таълимиро аз худ кунанд. Маҳз барои ҳамин шумораи рӯзҳои таҳсил барои хонандагон зиёд карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0