ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", маркази иттилоот ва расонаҳои давлати Афғонистон тасреҳ кард, ин афрод аз зиндонҳои Пули Чархӣ ва Багром дар Кобул ва устонҳои Нангарҳор, Пактико, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷузҷон, Кунар, Фароҳ, Балх, Қундӯз, Бағлон, Кописо, Лағмон, Форёб, Бодғис, Лугар, Хӯст ва Ғазнӣ озод шудаанд.
Давлати Афғонистон якшанбеи гузашта барои нишон додан ҳусни нияти худ, раванди озодии зиндониёни гурӯҳи Толибонро оғоз кардааст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Иди Фитр эълом кард, бар асоси дархости Луиҷиргаи машваратии сулҳ, наздик ба 900 зиндонии Толибонро аз зиндонҳои ин кишвар озод мекунад.
Гурӯҳи Толибон низ бо интишори иттилоияе аз озодии нерӯҳои худ дар зиндонҳои Афғонистон истиқбол ва хостори озодии ҳамаи онон шудааст.
Баҳси Раҳмону Раббонӣ аз истирдоди 80 зиндонӣ ба Афғонистон
Дар иттилоияи гурӯҳи Толибони Афғонистон, аз миёни 887 зиндоние, ки тавассути Кобул озод мешаванд, 261 нафар аз онон аъзои Толибон ва бақия касоне ҳастанд, ки бар асоси гузоришҳои иштибоҳ боздошт шудаанд.
Шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Афғонистон ба иқдоми раисиҷумҳури ин кишвар дар озодии зиндониёни Толибон мӯътариз ҳастанд.