Чӯпонҳои бедарак шуда дар Мастчоҳ сиҳату саломат пайдо шуданд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкПастух со стадом на пастбище, архивное фото
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду чӯпон Охун Мавлонқулов ва Лутфулло Дониёров, ки бар асари фаромадани тарма ва нобуд сохтани 200 сар гӯсфанд дар дараи “Ғукат” и ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ду рӯз боз бедарак буданд, сиҳату саломат пайдо шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Ин чӯпонҳо дар ҳоле бедарак ва беиртибот аз сарчӯпон қарор гирифтаанд, ки фаромадани тарма дар шоми 10 ба 11 -уми июн, 200 сар гусфанд аз рамаи онҳоро нобуд кард.

Мунаввар Мунавваров, раиси хоҷагии деҳқонии “Сурхкат” и ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ рӯзи 12-уми июн гуфтааст, ки Мавлонқулов ва Дониёров аз худ дарак додаанд ва сиҳату саломат ҳастанд.

Стадо овец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 200 сар гусфанд зери тарма мондаасту аз чӯпонҳо дараке нест

Раиси хоҷагии “Сурхкат” бо тасдиқи хабари пайдо шудани чӯпонҳо гуфт, ки пас аз он, ки шӯриши барф рамаи онҳоро ду тақсим мекунад, Мавлоқулов ва Дониёров қисми боқимондаи  гусфандонро гирифта ба дараи “Яғноб” панаҳ мебаранд. Чӯпонҳо гуфтаанд, ки аз сабаби набудани мавҷ натавонистаанд, сари вақт ба сарчӯпон ва хонаводаҳояш дар бораи саломатии худ дарак диҳанд.

Ин чӯпонҳо моли мардумро тоза аз ноҳияи Масчоҳ ба дараҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ интиқол медоданд, вале боришоти барф дар доманакӯҳҳо боиси фаромадани тарма ва нобуд шудани як қисм рамаи онҳо, беш аз 200 сар гусфанд шудааст.  

Аз кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия  Кӯҳистони Масчоҳ гуфтаанд, ки дар робита ба ин ҳолати рухдода як гурӯҳи корӣ таъсис ёфта ва ҳоло хисорати расида аз фаромадани тарма санҷида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0