Насби ду трансформатор дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” анҷом ёфт

Обуна шудан
Дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”-и шаҳри Хуҷанд насби ду трансформатори 25 ҳазор кВА ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 10 июн дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”, воқеъ дар кӯчаи Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд ду адад трасформатори 25 000 кВА насб карда шуд.

Отключение электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъзе аз кӯчаҳои Душанбе боз бе барқ мемонанд: сабаб корҳои таъмирӣ

Тавре манбаъ қайд намудааст, трансформаторҳои нав кори чор зеристгоҳи дигари шаҳрро осон намуда, имкон медиҳад таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд.

БОР барои беҳбуди таъмини барқ дар Панҷакент $54 млн ихтисос медиҳад

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки зеристгоҳи нави барқии “Темурмалик” як сол инҷониб бо​ маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллар бунёд шуда истодаааст.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” амалӣ шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0