Баҳси олимон дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон-акс

© Аз ДИС ДДТТ дар ш. ХуҷандБаҳси олимон дар бораи иқтисоди Тоҷикистон
Баҳси олимон дар бораи иқтисоди Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони тоҷик ҳамроҳ бо донишмандон аз Русияву, Қазоқистону Қирғизистон рақобатпазирии истиқодиёти миллии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Дар конфронси байналмиллалии илмӣ- назариявӣ дар Хуҷанд олимон вазъ ва масоили рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Исаев: Тоҷикистон барои рушди иқтисод бояд чор корро анҷом диҳад

Конфронси байналмиллалии илмӣ - назариявӣ оид ба “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар қатори олимону масъулони тоҷик, муҳаққиқону донишмандони донишгоҳҳои мӯътабари кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистону Булғористон ширкат кардаанд.

© Аз ДИС ДДТТ дар ш. ХуҷандКонфронси байналмиллалии илмӣ - назариявӣ оид ба “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”
Баҳси олимон дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон-акс - Sputnik Тоҷикистон
Конфронси байналмиллалии илмӣ - назариявӣ оид ба “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”

Ин чорабинии илмӣ бо ибтикори Ҳукумати вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Нӯъмон Раҷабзода, намояндаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки ин конфронс дар остонаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, доир шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҷодаи саноатикунонии кишвар ва рушд намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

“Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” аз рӯи 7 бахш давом карда, дар он олимон ва масъулон аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва бонки “Эсхата” масоили рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Иштирокчиёни конфронс нақши бонкҳои тиҷоратӣ, ташкили ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва фаъолияти мунтазами минтақаҳои озоди иқтисодиро дар пешгирӣ аз таназзул ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон муассир маънидод кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0