Муҳаммадиев баъди 20 сол ба “Бухоро” баргашту сармураббӣ таъин шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМухсин Мухаммадиев. Архивное фото
Мухсин Мухаммадиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе сармураббии дастаи “Бухоро”-и шаҳри Бухоро таъин гардид

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими “Бухоро” дар суперлигаи Узбакистон бозӣ мекунад. Феълан дар пайи 10 давр тими “Бухоро” бо 7 хол дар зинаи 13-ум қарор дорад, ки пеш аз охирин мебошад. Нахустин бозии “Бухоро” зери роҳбарии Муҳаммадиев 16 июн дар майдони худи тим бо дастаи “Пахтакор”-и Тошканд сурат мегирад.

Рефери Равшан Ирматов - Sputnik Тоҷикистон
Равшан Ирматов бозии тими мунтахаби Тоҷикистонро доварӣ мекунад

Муҳсин Муҳаммадиев собиқ бозингари тими “Помир”-и Душанбе солҳои 2016 – 2018 роҳбарии тими “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт.

Муҳаммадиев охири соли 2016 дастаро ба роҳбарӣ гирифта, то ин муддат чандин маротиба дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат, Суперҷом, ду маротиба Ҷоми ФФТ пирӯз ва бо "Истиқлол" ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт.

Баъди “Истиқлол”-“Хуҷанд” сармураббӣ иваз кард

Тими “Бухоро”, ки Муҳаммадиев сармураббии он таъин шуд, соли 1989 таъсис ёфта, то соли 1997 Нурафшон ном дошт. Ин тим барои Муҳаммадиев бегона набуда, ӯ соли 1999-ум дар сафи ин даста бозӣ кардааст.

Усмон Тошев, сармураббии феъли мунтахаби Тоҷикистон низ аз собиқ бозигарони ин тим мебошад.

Лентаи хабарҳо
0