Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 400 000 сомонӣ пойгоҳи обкашӣ таъмир карданд

© Sputnik / Александр Поляков / Гузариш ба медиабонкВодонасосная станция
Водонасосная станция - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” аз таъмир бароварда шуд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дирӯз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати ошноӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кардааст, дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, зимни сафар раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” боздид намудааст.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Конибодом рафт

"Бо мақсади таъмини кишоварзон бо оби полезӣ ва дубора ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳову ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии роҳбарияти вилоят барои азнавсозии пойгоҳи мазкур 400 000 сомонӣ ҷудо гардид",-омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷа пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1”, аз ҷумла бинои иншооти обрасонӣ ва агрегатҳои он дар як муддати кутоҳ аз таъмир бароварда шуда, ба масофаи 300 метр қубурҳои нав хобонида шуд.

Сохтмони майдони нишони давлатӣ ва 70 иншоот дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Айни замон тавассути ин пойгоҳ садҳо гектар заминҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров обёрӣ гардидааст.

Раиси вилоят дар аснои боздид таъкид карда, ки таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ гарави фаровонҳосилӣ буда, масъулинро зарур аст, ки фаъолияти мунназами пойгоҳҳои обкаширо таъмин созанд.

Лентаи хабарҳо
0