ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт
Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздиди Раиси вилоят аён гардид, тозакунии хонаҳои сокинон идома дошта, сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони дигар минтақаҳои шаҳр ба зарардидагон кӯмак расонида истодаанд.
“Ҳамзамон ба зарардидагони офати табиӣ се вақт хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор дастрас гардида, фаъолони шаҳр низ мунтазам кӯмаки худро расонида истодаанд”, - таъкид намулдааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар ҷамоатҳои ба номи Ғ.Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодом сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид.
Бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввал тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лойу рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд.