Зариф сафари Ҳасани Руҳонӣ ба Душанберо имконияти олӣ хонд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМухаммед Джавад Зариф, архивное фото
Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури ҶИЭ, Ҳасани Руҳониро ба Душанбе ва Бишкек фурсати аъло барои мушаххассозии иқдоми сиёсии Эрон хонд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Зариф имрӯз зимни ҳамоише дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфтааст, сафари раисиҷумҳур Руҳонӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон фурсати хуб барои мушаххассозии сиёсатҳои ҶИЭ, баррасии нақшаҳо барои оянда ва пайдо кардани роҳҳалҳо барои бархӯрд бо сиёсатҳое мебошад, ки тамоми ҷаҳонро ҳадаф қарор додаанд.

Эксперт-иранист Николай Кожанов - Sputnik Тоҷикистон
“Эрон гуфт ҲНИТ-ро дигар дастгирӣ намекунаду, ранҷишҳои Тоҷикистон дар гузашта монд”

Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Зарифӣ ин нуктаро зимни суҳбат аз сиёсатҳои Ғарб ва вокунишҳо таъкид кардааст.

Ба гуфтаи вазири Эрон, кишварҳои Аврупо дар ҷойгоҳе нестанд, ки аз Эрон дар масоиле ҳам, ки ҳатто ба БАРҶОМ рабт надоранд интиқод кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар БАРҶОМ иқдом муҳим нест балки натиҷа муҳим аст ва таъкид кардааст, ки кишварҳои Аврупою дигар аъзои БАРҶОМ бояд шароити равобити иқтисодии Эронро ба эътидол оранд.

Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки аз кишварҳои аврупоӣ танҳо мешунавад, ки тамоми талошашонро карда истодаанд, аммо амалан натиҷае нест.

Зариф дар идома аз сафари нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон, ки 12 июн дар назар аст, боздиди вазири умури хориҷии Олмон аз ин кишвар ва ҳамчунин сафари Руҳонӣ ба Душанбе ва Бишкек зикр карда, таъкид намуд, ки ин сафарҳо фурсатҳои хуб барои таъини сиёсат ва нақшаҳои минбаъдаи ҶИЭ мебошанд.

Сафари Руҳонӣ ба Душанбе 14-15 июн ва ба Бишкек 13-14 июн дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0