Супоришҳои Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов ба заминкорон

Боздид аз Хоҷагии ёрирасони ВКД
Боздид аз Хоҷагии ёрирасони ВКД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи Телевизион ва Радио Маҳмадсаид Шоҳиён аз заминҳои Хочагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД боздид карданд

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбариати мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонон аз заминҳои кишти картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва карам дидан намуда, ба сифату натиҷаи корҳои хоҷагии ёрирасон баҳои баланд доданд. 

"Ҳамзамон ба масъулини Хоҷагии ёрирасон барои хуб нигоҳубин намудани зироатҳои полезӣ дастуру супоришҳо доданд",-омадааст дар хабарнома. 

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода бо намояндаи воломақоми Урупо амниятро баррасӣ кард

Гуфта мешавад, ки дар заминҳои Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, картошка, пиёзҳои намудҳои гуногун, лаблабу, карам, сабзӣ, помидор, боқлачон, каду ва дигар намуди навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда шудааст, ки аллакай баъзе аз онҳо ба ҳосил даромадаанд. 

Мавриди қайд аст, ки пас аз пухта расидани зироатҳои киштгардида, он ҷамъоварӣ гардида барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фиристода мешаванд. 

Масъулини Хоҷагии ёрирасон нақша доранд, ҳосили имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилиро сари вақт бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.

Дар бошишгоҳи Хоҷагии ёрирасон барои кору фаъолияти сарбозон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, онҳо бо тамоми техникаю асбобҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки аз заминҳои хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.

Лентаи хабарҳо
0