Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон боздид мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин на пленарном заседании Петербургского международного экономического форума 2019
Председатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин на пленарном заседании Петербургского международного экономического форума 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин моҳи июн аз Тоҷикистону Қирғизистон боздид мекунад. Дар назар аст, ки ӯ дар нишасти СҲШ ва МҲТБО ширкат кунад

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Президенти Чин Си Ҷинпин рӯзҳои 12-16 аз Тоҷикистон ва Қирғизистон боздид хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Чин бо такя ба равобити умумии ВУХ.

Қайд мешавад, ки раҳбари Чин дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат хоҳад кард.

"Рӯзҳои 14-16 Си Ҷинпин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе ширкат хоҳад кард",-омадааст дар хабарномаи ВУХ.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Путин то Рӯҳонӣ меоянд: шаҳрдорӣ эълон кард, ки кадом кӯчаҳоро дар рӯзи саммит мебандад

Ҳамчунин Си Ҷинпин рӯзҳои 14-16 ба Қирғизистон сафар карда дар 19-умин нишасти СҲШ ширкат мекунад.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба ин МҲТБО даъват шудааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0