22 даромадгоҳ ва 900 чароғак: гузориши аксӣ аз боғи "Куруши Кабир" дар Душанбе

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 7 июн дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд

 

Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Дар рафти азнавсозии боғ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гашганд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи боғи Куруши Кабир дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Котиботи Раҳмон гуфт, чаро боғи навро Куруши Кабир ном гузоштанд

Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.

Ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.

Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад.

Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.

Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.

Боғи мазкур бо ду ташноби зеризамини муҷаҳҳаз мебошад.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ боғи навбунёдро ба номи Куруши Кабир гузошт

Равшании боғро баъди шом зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ таъмин менамоянд.

5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, зиёда аз 40 намуд, ки аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд ворид гардидааст, ба ҳусни боғ латофати махсусро зам менамоянд.

Ғайр аз ин гулҳои гуногунранги мавсимӣ зиёда аз 350 ҳазор дона шинонда шудааст ва масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъи боғ сабзазор карда шудааст, ки симои боғро боз ҳам зебо мегардонанд.

Дар қисми ҷанубии боғ маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст.

Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.

Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд. - Sputnik Тоҷикистон
1/11
Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаГирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон
2/11
Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаДар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон
3/11
Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаБоғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон
4/11
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
© Пресс-служба президента ТаджикистанаБарои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон
5/11
Барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаПайкараи Ҳунарманди мардумии ИҶШС Малика Собирова дар боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон
6/11
Пайкараи Ҳунарманди мардумии ИҶШС Малика Собирова дар боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.
© FotoЗебосанамҳои тоҷик.
Зебосанамҳои тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
7/11
Зебосанамҳои тоҷик.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаИфтитоҳи боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе, шодии кӯдаконро афзуд, чун барои онҳо дар ин боғ чаҳор майдончаи бозӣ сохта шудааст.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
8/11
Ифтитоҳи боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе, шодии кӯдаконро афзуд, чун барои онҳо дар ин боғ чаҳор майдончаи бозӣ сохта шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9/11
Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаМасоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
10/11
Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаБоғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
11/11
Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.
Лентаи хабарҳо
0