Ҷаласаи фаврии генерал Назарзода дар пайи офатҳои табиӣ

© Sputnik / Амир ИсаевРустам Назарзода, архивное фото
Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд ҳафтаи ахир аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон омадани сел ба қайд гирифта мешавад. Дар пайи ин офатҳои табиӣ дастикам 5 нафар ҳалок шуда, хисороти бузурги молӣ ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои бартарафсозии оқибатҳои табиӣ бо роҳбарии раиси кумита генерал Рустам Назарзода ҷаласаи фаврӣ баргузор шуд, хабар медиҳад КҲФ.

Дар ҷаласа кормандони кумита ва намонядагони ширкатҳои байналмилалӣ иштирок кардаанд.

Ҳадафи ин ҷамъомад баррасии вазъи расонидани кумакҳо ба аҳолии бар асари омадани сел зарардидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд, менависад КҲФ.

Назарзода вазъият дар минтақаҳои кишвар баъди ҳодисаҳои табииро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳо комиссияи кумита фаъолият мекунад ва ҳаҷми хисоротро муайян хоҳад кард.

"Дар навоҳии мухталиф корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо ширкати хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита, Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо идома дорад", - таъкид доштааст генерал Назарзода.

В Пенджикенте двух людей унесло селевым потоком - Sputnik Тоҷикистон
"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

Ба иттилои кумита, дар натиҷаи маҷлис қарор дода шуд, ки ба зарардидагон кумакҳои аввалия ва зарурӣ, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об, маводи сӯхт ҷиҳати роҳандозии корҳои поксозии мавзеъҳо аз лойоба ва маводи ғизоӣ расонида шавад.

Зарфи чанд рӯзи охир дар қаламрави бахше аз навоҳии кишвар боронҳои пуршиддат сабаби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо шуд ва боиси омадани сел гардид.

Аз ҷумла, дар қаламрави ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Панҷи вилояти Хатлон, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Рӯдакӣ ва Файзобод дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об дар дарёҳо лойобаи азим бахше аз роҳҳои мошингардро баст, деворҳои ёрирасони хонаҳои навсохти сокинонро хароб кард, лой қисман ба таҳхонаҳои хонаҳои хусусӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ворид шуд.

Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Дар ноҳияи Панҷ сел ду кӯдак ва як марди 60-сола ва дар шаҳри Панҷакент офати табиӣ 2 ҷавонро бурд.

Лентаи хабарҳо
0